Хабарҳои муҳим
Ҷанозаҳои шаҳидони хонаводаи раҳбари шаҳиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фазое саршор аз ғаму андӯҳ ва бо ҳузури анбӯҳи зиёди мардум ва зоирон дар Байнулҳарамайн ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) ташйеъ карда шуданд.
Jul 09 2026 , 11:20
Ҷанозаҳои раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ ва аъзои шаҳиди хонаводаи ӯ ба оромгоҳи муқаддаси ҳазрати Алӣ (а) расонида шуданд. Дар маросими бошукӯҳ ва андӯҳбор, мардумони Ироқ ҷанозаҳоро бар дӯш гирифта, онҳоро гирди зариҳи мутаҳҳар тавоф доданд ва бар онҳо намози майит хонда шуд.
Jul 09 2026 , 11:14
Мусаллои Имом Хумайнии Теҳрон ба маҳалли гирдиҳамоии дилҳое табдил ёфт, ки барои охирин видоъ бо «Оқои шаҳиди Эрон» ҷамъ омада буданд. Пиру ҷавон, зану мард аз гӯшаву канори кишвар омада буданд, то бо чашмони ашколуд ва дилҳои саршор аз ҳасрату пазмонӣ бо падаре, ки солҳои дароз такягоҳи ин миллат буд, хайрухуш кунанд.
Jul 08 2026 , 11:48
Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Муҳаммад Қумӣ бо таъкид бар он ки нигаронии аслии раҳбари шаҳиди Инқилоб «зиндагӣ бо Қуръон» буд, гуфт: Дар низоми фикрии пешвои уммат, тиловат, ҳифз ва тадаббур дар Қуръон ҳадафи ниҳоӣ набуд, балки ҳамаи ин унсурҳо роҳе барои татбиқи сабки зиндагии қуръонӣ ба шумор мерафтанд.
Jul 08 2026 , 11:05
Мақомоти вилояти Карбало бо насби баннере таҳти унвони «Хуш омадед ба нахустин зиёраткунандаи Арбаини имсол» ба истиқболи маросими ташйеи раҳбари шаҳиди Инқилоб рафтанд.
Jul 08 2026 , 10:58
Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадризо Систонӣ, фарзанди калонии Оятуллоҳи узмо Сайид Алӣ Систонӣ, дар паёме ба дафтари Раҳбари муаззами Инқилоб бо ишора ба аҳаммияти баргузории намози ҷаноза бар пайкари раҳбари шаҳиди Инқилоб, маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва вазъи саломатии падарашро сабаби натавонистани адои ин намоз унвон кард.
Jul 08 2026 , 10:47
Намози майит бар пайкари поки раҳбари шаҳиди Инқилоб ва аъзои хонаводаи эшон ба имомати Оятуллоҳи Узмо Ҷаводии Омулӣ дар Масҷиди Ҷамкарон баргузор гардид.
Jul 08 2026 , 10:46
Роҳбари гурӯҳи ҳамхонии «Муҳаммад Расулуллоҳ (с)»
Раҳим Қурбонӣ аз омода ва муаррифӣ шудани навтарин асари гурӯҳи ҳамхонии «Муҳаммад Расулуллоҳ (с)» дар маросими видоъ бо раҳбари шаҳид дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) хабар дод ва гуфт, ки ин асар ба поси шахсияти қуръонии раҳбари шаҳид ва бо илҳом аз муҳаббату иродати аъзои гурӯҳ нисбат ба пешвои уммат таҳия гардида, барои нахустин бор дар ҳамин маросими видоъ иҷро шуд.
Jul 07 2026 , 00:50
Маросими видоъ ва гусели «Марди шаҳиди Эрон» бо ҳузури анбӯҳи азим ва таърихии дӯстдорон ва азодорон аз тамоми гӯшаву канори кишвар, дар шаби дуюм дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид.
Jul 07 2026 , 00:45
Ҳамзамон бо баргузории маросими видоъ ва адои намози ҷаноза бар пайкари раҳбари шаҳиди Инқилоб, ки субҳи рӯзи якшанбе, 14-уми тир, баргузор гардид, фарзандони эшон бо ҳузур дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) дар шаҳри Теҳрон, ҳамроҳ бо масъулони кишвар ва мардуми азодори Эрон дар ин маросими маънавӣ ширкат варзиданд.
Jul 07 2026 , 00:41